Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа: «Дар даҳсолаи охир футбол дар Тоҷикистон рушд кардааст»

Май 2, 2023 13:03

 ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд.

Ба гуфти Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, дар даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон футбол ба таври назаррас рушд кард, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ва сармоягузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар  марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, иштирок мекунад. Мо умедвор ҳастем, ки дар он дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба дастоварди назаррас ноил мегардад», — гуфт Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 2, 2023 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард