Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан Раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани «Чжитсун Литий» Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани «Чжитсун Литий» Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати маъдани литийи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои рушди ҳамкории пурсамар, аз қабили бунёди корхонаҳои муштарак, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва содироти он захираву имконоти васеъ мавҷуд аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба доираҳои соҳибкорон имтиёзҳои гуногунро пешкаш мегардонад.
Дар рафти мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Ширкати маъдани «Чжитсунг Литий» ( Zhicun Lithium Co.Ltd) дорои пойгоҳҳои бисёри коркарди маъдан ва истеҳсоли намаки литий мебошад. Ширкат барои мусоидат ба ноил шудан ба хадафи пешрафт ва васеь кардани самти фаьолияташ дар як қатор кишварҳои олам марказҳои истеҳсолӣ дорад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






