Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст

Ноябрь 2, 2026 14:47

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва  технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо соҳибкори мисрӣ, абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш, раиси ширкати «Smart Villages» ва раиси Шурои директорони ширкати  «Silicon Waha» Одил Дониш мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Одил Дониш бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада, дар Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ – AICONF-2026 иштирок намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Мисрро дар соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва истихроҷу коркарди захираҳои маъданӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина имконияти ҷалби сармоягузориҳои мисрӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ширкатҳои технологӣ дар рушди инфрасохтори саноатӣ ва рақамии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҳамзамон ба масъалаи истифодаи иқтидори ширкатҳои Smart Villages ва Silicon Waha дар самти рушди инфрасохтори муосири технологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ширкатҳои IT ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, ҷалби сармоя ба коркарди захираҳои маъданӣ ва татбиқи технологияҳои муосирро дар равандҳои истеҳсолӣ баррасӣ намуданд.             Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва густариши ҳамкории амалӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори омодагӣ карданд.

          АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 2, 2026 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад