Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ дар Боғи Фуронги шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи 18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсараш, бонуи аввали Чин хонум Пэн Лиюан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Пас аз маросими аксбардорӣ ба Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барномаи рангини фарҳангии театрикунонидашуда ба муносибати оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин намоиш дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






