СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023. Бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан»-и Кӯлоб дар шаҳри Ҳисор доир мешавад
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 май, соати 18:00 бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки 8 майи соли 2022 дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода дар ҳузури 5600 тамошобин мусобиқоти 13-уми Суперҷоми Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида буд. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон бозии ҷолиб нишон доданд.
Футболбозони ҳар ду даста имкони зиёди кушодани ҳисоби бозиро доштанд, вале аз он на он қадар самаранок истифода бурда тавонистанд. Баъди ба майдон баромадани Рустам Соиров бозии дастаи футболи «Истиқлол» ранги дигар гирифту онҳо дар дақиқаи 84-уми бозӣ тавонистанд тӯбро ба нишон расонанд. Дар идомаи вохӯрӣ бозингарони дастаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд кӯшиши баробар кардани ҳисоби бозиро карданд, лекин ҳама бенатиҷа анҷом ёфт. Бо ҳамин натиҷаи минималии 1 бар 0 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд зафар ёфта, маротибаи 11-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Бояд гуфт, ки дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бори панҷум барои Суперҷом миёни ҳам мубориза бурданд. Дар чаҳор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пирӯз шуда буд.
Хотиррасон мешавем, ки Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шуд. «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ёздаҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб (2013) ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор (2017) якборӣ Суперҷом ба даст овардаанд.
Ҳама бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2022):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯйи силсилаи пеналтӣ – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






