СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023. Бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан»-и Кӯлоб дар шаҳри Ҳисор доир мешавад

Май 4, 2023 18:56

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 май, соати 18:00 бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки 8 майи соли 2022 дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода дар ҳузури 5600 тамошобин мусобиқоти 13-уми Суперҷоми Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида буд. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон бозии ҷолиб нишон доданд.

Футболбозони ҳар ду даста имкони зиёди кушодани ҳисоби бозиро доштанд, вале аз он на он қадар самаранок истифода бурда тавонистанд. Баъди ба майдон баромадани Рустам Соиров бозии дастаи футболи «Истиқлол» ранги дигар гирифту онҳо дар дақиқаи 84-уми бозӣ тавонистанд тӯбро ба нишон расонанд. Дар идомаи вохӯрӣ бозингарони дастаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд кӯшиши баробар кардани ҳисоби бозиро карданд, лекин ҳама бенатиҷа анҷом ёфт. Бо ҳамин натиҷаи минималии 1 бар 0 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд зафар ёфта, маротибаи 11-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Бояд гуфт, ки дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бори панҷум барои Суперҷом миёни ҳам мубориза бурданд. Дар чаҳор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пирӯз шуда буд.

Хотиррасон мешавем, ки Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шуд. «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ёздаҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб (2013) ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор (2017) якборӣ Суперҷом ба даст овардаанд.

Ҳама бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2022):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯйи силсилаи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 4, 2023 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ КФО-2023/24. Бозии дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон мусовӣ анҷом ёфт
Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Baku Grand Slam 2023 оид ба гӯштини ҷудо муайян шуданд
ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз дар Ҳисор байни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон бозӣ доир мешавад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. 4-5 октябр дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо баргузор мешавад
Дар Ашт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз шуд
Дар Гранд Слами Боку-2023 аз Тоҷикистон 7 варзишгар иштирок менамоянд
Дар Душанбе мусобиқаҳои варзишии волейбол ва тенниси рӯи миз оғоз гардиданд
Дилшод Назаров дар маросими эстафетаи машъали Бозиҳои Осиёӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ОМӮЗИШРО БО ВАРЗИШ ОМЕЗИШ ДИҲЕД! 20 сентябр Рӯзи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар эътироф шудааст
ФУТБОЛ. «Истиқлол» Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиёро бо мусовӣ оғоз намуд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Дар Душанбе бо иштироки сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар нишасти хабарӣ баргузор гардид
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Имрӯз «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ менамояд