ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 май, шанбе, 133-юмин рӯзи соли 2023

Май 13, 2023 08:00

13 майи соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

***

13 майи соли 2021  байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории самаранок байни ду давлат дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

***

 13 майи соли 2022 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

***

13 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен   Ашимбаевро, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

13 майи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.

***

13 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  баррасӣ шуд.

***

13 майи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардид.

13 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Русия – Рӯзи хадамоти дидбонӣ-посбонии милитсия.

РӮЙДОДҲО:

13 майи соли 1940 Боғи ботаникии Помир ифтитоҳ гардид.

***

13 майи соли 2010 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

13 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барои соли 2010 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои  кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

13 майи соли 1939 дар Париж Конфронси байналмилалии ҳифзи сулҳ, демократия ва эътибори инсоният баргузор гардид.

Май 13, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш