ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 май, сешанбе, 122-умин рӯзи соли 2023
2 майи соли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат рушди ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Давлати Кувайтро амри зарурӣ маънидод карда, иброз доштанд, ки ҷалби сармояи ҷониби Кувайт баҳри татбиқи барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия фоидаовар мебошад.
***
2 майи соли 2001 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 11-уми Шӯрои вазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
***
2 майи соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ–тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
2 майи соли 1940 гузаронидани Бозиҳои XII тобистонаи олимпӣ бекор карда шуд. Тибқи нақша, Бозиҳои олимпӣ аз 21 сентябр то 6 октябри соли 1940 дар пойтахти Ҷопон- шаҳри Токио бояд баргузор мегардид. Аммо бо сабаби ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҷопон аз гузаронидани Бозиҳои олимпӣ дар Токио даст кашид. Бо қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ макони нави баргузории Бозиҳои XII тобистонаи олимпӣ шаҳри Хелсинкии Финландия интихоб гардид. Мувофиқи қарори нави Кумитаи байналмилалии олимпӣ замони баргузории бозиҳо аз 20 июл то 4 августи соли 1940 таъйин шуда буд. Соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз гардид ва соли 1940 аллакай тамоми мамлакатҳои Аврупо гирифтори ҷанг шуд.
***
2 май дар Эрон Рӯзи муаллим ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ба муаллимон туҳфаҳо дода шуда, ҷашнвораҳои гуногун гузаронида мешавад.