Тоҷикистон ва Озарбойҷон масъалаҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризмро баррасӣ намуданд

Май 1, 2023 19:10

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 апрел то 1 май Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Байрам Оғлу доир гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, киберҷиноятҳо, эътирофи созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар ҳудуди якдигар ва муқовимат бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ баррасӣ шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 1, 2023 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд