Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Riyadh Travel Fair-2023» дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 22 май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи миллӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair-2023» муаррифӣ намуда истодаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин намоишгоҳ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи миллӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти сайёҳии мамлакатро муаррифӣ доранд.
Намоишгоҳи сайёҳии Riyadh 2023 чорабинии маъруфтарин дар минтақа ба ҳисоб рафта, ҳамчун платформа барои ҷорӣ намудани маҳсулоти туристӣ, хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби бузургтарин ширкатҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.
Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯрии ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо бахши сайёҳии Арабистони Саудӣ ва сармоягузорони ин кишвар баргузор гардид.
Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар чунин намоишгоҳҳо дар хориҷи мамлакат, бахусус дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair» яке аз роҳҳои самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Он барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






