20 июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон басти аввали истироҳати тобистонаи хонандагон оғоз мегардад
ХОРУҒ, 18.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон басти аввали истироҳати хонандагон оғоз мегардад, ки дар ин марҳила 100 нафар кӯдакону наврасон ба он фаро гирифта мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Масъулин вазифадор гардиданд, ки ба масъалаи ҳар чӣ бештар ҷалб намудани хонандагони болаёқат, иштирокдорони фаъоли озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, ятимон ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳатгоҳҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.
Масъулини инчунин муваззаф шудаанд, ки барои қонеъ намудани талаботи истироҳати тобистона аз ҳисоби муассисаҳои таълимии маҳал чорандешӣ карда, аз натиҷаи он гузориши муфассалро ба роҳбарияти вилоят манзур созанд.
Ҳамзамон Раёсати маориф дар якҷоягӣ бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вазифадор гардиданд, ки ҳангоми сафарбар намудан ва бозпас овардани кўдакон дар асоси талаботи низомнома бехатарии онҳоро ҳангоми ҳаракат бо воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
Ба роҳбарияти Раёсати тандурустӣ ва Маркази санитарию эпидемологии вилоят супориш дода шудааст, ки барои тамиз намудани зарфҳо, ошхонаю ҷойи хоб, инчунин таъмин намудан бо маводи зарурии доруворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
АКС аз бойгонӣ








Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст






