27 июн дар аввалин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» Тоҷикистонро 20 варзишгар муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 22.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар Рўзи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарони 30 давлати ҷаҳон якумин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 20 нафар варзишгар муаррифӣ менамоянд, ки ду нафарашон занон мебошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ Абдулло Саидхоҷаев хабар дод, дар Чемпионат иштироки тақрибан 130 нафар варзишгарон, мураббиён ва меҳмонон дар назар дошта шудааст.
«Туҳфаҳои молӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муайян шудааст. Барои ҷои аввал 5 000 доллар, ҷои дуввум 3 000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1 500 доллар муқаррар гардидааст. Мусобиқа аз рӯи 6 вазн баргузор мегардад. Дар панҷ вазн мардон ва дар як вазн занон қувваозмоӣ хоҳанд кард. Туҳфаҳои пулӣ барои ҳамаи вазнҳо муайян шудааст. Инчунин маблағи алоҳида барои ҷомҳои даставӣ муайян гардидааст. Барои ғолиби даставӣ 1500 доллар барои ҷои якум, 1000 доллар барои ҷои дуввум ва 500 доллар барои ҷои сеюм муайян шудааст»,- илова кард Абдулло Саидхӯҷаев.
Ба иттилои ў, ин чорабинӣ омодагӣ барои Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштингирӣ мебошад, ки тибқи Тақвими байналмилалӣ моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Тавре Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хусусияти баналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бозиҳои варзишӣ, муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ниҳодҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
«Бо ин мақсад, Федератсияи гўштингирии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор баргузории чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро дар дохил ва хориҷи мамлакат ба нақша гирифтааст. Бахусус Чемпионати Осиё оид ба гўштингирӣ, ки баргузории он 27 июни соли равон дар назар дошта шудааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад», — тазаккур дод Абдулло Раҳмонзода.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии рушди соҳаи варзиш- ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад, ки ҳамчун рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат ба ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона гардидааст.
Ин аст, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ аз нав эҳё ва рушд ёфта истодааст.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






