5-6 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд

Июнь 1, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5-6 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузории ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Дар ҷаласаи мушовара нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад.

Дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур доир намудани нишасти матбуотӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чандин сол аст, ки ҷаласаҳои Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир шуда, дар он нақшаҳои корӣ ду сохтор барои соли оянда тасдиқ мегардад. Ин мушовараҳо бонавбат, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия баргузор карда мешаванд.

Ин ҷаласаҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 1, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд