Ҳайати ҷудои Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ ба шаҳри Иркутски Федератсияи Русия меравад

Июнь 30, 2023 19:19

ДУШАНБЕ, 30.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ҷудои Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ ба шаҳри шаҳри Иркутски Федератсияи Русия меравад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Ҷудокорони тоҷик дар ҳайати беш аз 35 нафар, аз ҷумла занон, аз 6 то 20 июл дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта мешаванд.

«Ҳадафи асосии ҷамъомад, омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалии нимаи дуюми сол маҳсуб меёбад»,- иброз доштанд дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Бояд тазаккур дод, ки  баъд аз мусобиқаи Гранд Слами Уланбатор (Муғулистон) мунтахаби Тоҷикистон давоми се рӯзи дар Уланбатор дар ҷамъомади тамринии байналмилалӣ иштирок намуданд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Июнь 30, 2023 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад