Ҳамкории мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ тақвият меёбад

Июнь 9, 2023 16:21

ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 июн мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон  бо  Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон  Муҳаммад Ҷаъфар  доир гардид, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкории мақомоти ду давлат дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии мамлакат хабар доданд.

Вохӯрӣ дар доираи сафари кории Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон, инчунин бо назардошти вазъ дар Афғонистон ба роҳ мондани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ дар самти муқовимати бевосита ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро муҳокима намуданд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 9, 2023 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид