Аъзои ҲХДТ дар Бохтар Рӯзи Ваҳдати миллиро бо баргузории чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ ҷашн гирифтанд

Июнь 25, 2023 15:09

ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар раёсат ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-падидаи нодиру пурарзиши миллати тоҷик» намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти ин Ҳизб дар вилояти Хатлон.

Дар чорабинӣ иштирокдорон дастовардҳои Тоҷикистонро дар ҳама соҳаҳо самари ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки баҳри пойдории сулҳу субот ҳама дар якҷоягӣ талош намоем ва баҳри боз ҳам пешрафта шудани сарзамини аҷдодиамон содиқона паҳлуи ҳам истода, кору зиндагӣ намоем. Доир ба аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, изҳори назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки раёсат ва аъзои ҳизбро зарур аст, ки зери сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди ин сарзамин ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум беш аз беш заҳмату талош намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон доир ба Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи беназири сиёсию ҷамъиятӣ, ки дар низоми рушди муносибатҳои миллӣ нақши калидӣ дорад, ибрози назар карда, ин падидаи фараҳбахши даврони соҳибистиқлолиро на танҳо асоси пойдории давлат, балки асоси мавҷудияти миллати тоҷик ҳамчун мардуми соҳибдавлат арзёбӣ намуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Июнь 25, 2023 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад