Бар асари сӯхторҳои шадид дар шарқи Канада беш аз 16 ҳазор нафар тахлия карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сӯхтори шадид дар ҷанубу шарқи Канада боиси тахлияи беш аз 16 ҳазор нафар шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Интерфакс» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус расонаҳои Канада хабар медиҳанд.
Ғайр аз ин, тақрибан 200 хона ва дигар биноҳо осеб дидаанд.
Сӯхтор ҷангалҳоро дар музофоти Шотландияи Нав фаро гирифт. Раиси вилоят Тим Хюстон иброз намуд, ки дар тамоми вилоят мамнуъияти ҳама гуна фаъолият дар минтақаи ҷангал, аз ҷумла шикор ва хаймазанӣ ҷорӣ мешавад.
Мақомоти маҳаллӣ ба ин назар ҳастанд, ки ояндаи наздик тахлияи иловагӣ амалӣ мегардад, зеро рӯзи чаҳоршанбе дар минтақа ҳаво гармтар мешавад ва ҳадди ақалл то рӯзи ҷумъа бориш дар назар нест. Чунин шароити обу ҳаво метавонад боиси паҳншавии фаъолонаи сӯхтор гардад.
Сӯхтори ҷангал дар саросари ҷанубу шарқи Канада аз охири ҳафта инҷониб идома дорад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






