Дар Академияи идоракунии давлатӣ Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.
Дар маросими мазкур роҳбариятҳои Академия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, роҳбарияти ҳамкории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, дигар шахсони расмӣ ва мутахассисону коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки ифтитоҳи Маркази мазкур идомаи ҳамкории байналмилалии Академия дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии роҳбарияти мамлакат ва дар ин замина беҳтар намудани шароити моддиву техникии муассисаи таълимӣ мебошад.
Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, ки барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва вирусологҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд чораҳои ҷиддӣ андешида шаванд.
Дар ин робита Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо ба фаъолият шуруъ намуд, ки онро Академияи идоракунии давлатӣ дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис доданд. Ин Марказ барои Академия ва тамоми низоми хадамоти озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад.
Маркази мазкур дар доираи Барномаи глобалии роҳбарони озмоишгоҳҳо бо мақсади таъмини сатҳи баланди роҳбарии хадамоти миллии озмоишгоҳҳои ҷумҳурии мо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо дар онҳо таъсис дода шудааст.
Марказ барномаҳои таълимиро оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии роҳбарон ва мутахассисони озмоишгоҳҳои сатҳҳои гуногун, инчунин рушди малакаҳои онҳо дар соҳаи идоракунии дурусти озмоишгоҳҳо ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ менамояд.
Дар идома тазаккур дода шуд, ки Маркази мазкур дар беҳтар намудани сифат ва самаранокии кори озмоишгоҳҳои таҳқиқотиву вирусшиносӣ кӯмак хоҳад намуд. Дар заминаи Марказ минбаъд курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои роҳбарони озмоишгоҳҳои ҳудуди мамлакат баргузор карда шуда, тренерон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба онҳо дарс мегӯянд.
Тавре таъкид карда шуд, ҳадаф аз таъсиси Маркази глобалии барномаи роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо дар амал татбиқнамоии таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти идоракунии озмоишгоҳҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии фаъолияти онҳо барои аҳолӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани озмоишгоҳҳои Тоҷикистон мебошад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад






