Дар Бохтар бо хизматчиёни қисми ҳарбии Қушўнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 июни соли равон Гурўҳ корӣ аз ҳисоби фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, адибону сиёсатшиносони варзидаи мамлакат бо афсарону хизматчиёни қисми ҳарбии Қушўнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар вохўрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иброз дошт, ки вохӯрии имрўза, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир мегардад, моро фодор менамояд, ки ба ёд биоварем, ки расидан ба чунин зиндагии орому осоиша дар ҷумҳурӣ бо заҳматҳои шабонарўзии фарзанди фарзонаи миллат — Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шумо барин хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар 31 соли соҳибистиқлолӣ барои таҳкими сулҳу ваҳдат борҳо ҷасорату шуҷоат ва қаҳрамони нишон додаанд, ба даст омадааст.
Дар ҷамъомади мазкур оид ба масоили пешгирии ҳолатҳои шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, таблиғи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда ибрози андеша карда шуд.
Гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бесарҳадии фазои иттилоотӣ, ки идеологияи хатарзои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ суботи оромии ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи оламро ҳам халалдор карда истодаст, ба роҳ мондани тадбирҳои муҳим дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, бедор намудани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон ҷиҳати муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои идеологии гурӯҳҳои хатарзо ва душманони миллату давлати мо дар мадди аввал меистад.
Доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири рушду ободии мамлакат ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ибрози андеша карда шуд.
Зимни суҳбат бо сарбозону афсарони қисми низомӣ бо ёдоварӣ аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва муборизаҳои ҷонфидоёнаи фарзандони фарзонаи миллат аз хизматчиёни ҳарбӣ даъват ба амал оврада шуд, ки дар баробари адои хизмати ҳарбӣ, ҳамзамон бо донишу маърифати воло мусаллаҳ шуда, меросбарони сазовори ниёгони сарбаланди миллати тоҷик дар арсаи олам бошанд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






