Дар Чин бар асари таркиши зарфи гази моеъ беш аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 22.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти мухтори Нинся-Ҳуэйи шимолу ғарби Чин бар асари таркиши зарфи гази моеъ беш аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Синхуа» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи чоршанбе, соати 20:40 ба вақти маҳаллӣ (соати 17:40 ба вақти Душанбе) дар тарабхонае дар ҳавзаи шаҳрии Инчуан рух додааст.
Дар натиҷаи ихроҷи гази моеъ таркиш ба амал омада, бар асари он 38 нафар маҷрўҳ шуданд, ки аз онҳо 31 нафарашон ба ҳалокат расида, 7 каси дигар дар ҳолати вазнин таҳти муолиҷа қарор доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






