Дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ёдгории нави таърихӣ кашф гардид
ПАНҶАКЕНТ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн дар натиҷаи фурӯ рафтани қитъаи хурди замин дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент як новус (қабр) кушода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
5 июн бо дастури роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мусоидати шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бостоншиносон Шароф Қурбонов ва Абдураҳмон Пӯлотов аз ёдгории мазкур дидан намуданд.
Он дар қисмати ҷанубии мазори Эшони Зарробӣ, қисмати ғарбии сойи Ошхона, қисмати ҷанубии деҳаи Олимобод (маҳаллаи Қаротегин)-и Ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, атрофи онро қабристони замони нав иҳота кардааст.
Дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ дар зери зардхок новус (қабр) кофта шуд, ки шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад. Дар дохили новус (қабр) тоқчаҳо мавҷуд мебошанд. Дар ҳар кадом тоқча як сағона ё устухондон (хуми устухондор) гузошта шудааст. Қисми зиёди чунин тоқчаҳо дар натиҷаи намнокии замин хароб шудаанд.
Бостоншиносон ба он андешаанд, ки чунин новус (қабр) бори аввал дар қисмати кӯҳистони Суғди бостон дучор меояд. Зеро он бо хусусиятҳои ба худ хос аз дигар иншооти маросими дафнкунии зардуштӣ фарқ мекунад.
Таҳқиқот дар ин самт идома дошта, хулосаҳои ниҳоии мутахассисин пас аз анҷоми пурраи таҳлилҳо пешкаши олами илм мегардад.
АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






