Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ доир гардид

Июнь 10, 2023 09:57

ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Мақсад аз роҳандозии чорабинии мазкур омодагии донишҷӯён, устодон ва кормандон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз фидокории мутахассисони касбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҷони ҳазорҳо нафарро аз ин ё он офатҳои табиӣ наҷот додаанд. Инчунин ин ниҳод шаҳрвандонро пайваста тавассути расонаҳои иттилоотӣ аз ҳолатҳои фавқулода огоҳ намуда, машваратҳои муфид медиҳад.


Бояд гуфт, ки намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар робита ба ҳолатҳои бартараф намудани заминларза дар ин чорабинӣ дарси махсус гузарониданд.

Баъдан дар саҳни Донишгоҳ бо ширкати васеи ҳайати шахсӣ, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд.

Дар зимн ҷонибҳо — роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони чорабинӣ туҳфа ва ифтихорнома супориданд.

АКС: Маркази матбуоти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон

Июнь 10, 2023 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст