Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ доир гардид

Июнь 24, 2023 17:51

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат!» баргузор гардид. Дар он  гирандагони стипендияи Президентӣ  аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок намуданд.  Дар ин хусус дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиш  дастгириҳои пайвастаи  давлату Ҳукумат,  хусусан  таваҷҷуҳи хоссаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  сиёсати давлатии ҷавонон  таъкид  гардида, доир ба дастовардҳои ин насли ояндасоз дар пешрафти ҷомеа ибрози андеша карда шуд.

Таъкид  гардид, ки имрӯз ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун амал менамояд ва  яке аз ин иқдомҳо таъсиси стипендияҳои Президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки алҳол  теъдоди он 3000 -ро ташкил медиҳад.

Дар идомаи ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ба гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 шаҳодатномаҳо ва маблағи стипендия супорида шуд.

АКС: Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Июнь 24, 2023 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид