Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди мамлакат ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Татбиқи муваффақи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» машварат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Чорабиниро Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳамкории бардавому судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ва саҳми назарраси ташкилоти мазкур дар таъмини рушди устувори мамлакат изҳори назар намуданд.
Дар машварат Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: дастовардҳо ва афзалиятҳои минбаъда» сухан карда, иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои 2016-2022 ҷиҳати тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, мутобиқ намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, шомил гардидани ҷумҳурӣ ба узвияти СУС, Конвенсияи СММ оид ба эътирофи қарорҳои судҳои арбитражи хориҷӣ, низоми андозбандӣ ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ташкили заминаи ҳуқуқӣ, ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон як қатор ислоҳоти назаррас анҷом дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016-2022 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд устувории макроиқтисодӣ дар мамлакат таъмин гардида, рушди миёнасолонаи ММД зиёда аз 7 фоизро ташкил дод ва ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд.
Даромади пулии аҳолӣ дар ин давра 1,9 маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба зиёд гардид. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба ва маҳсулоти кишоварзӣ 1,4 маротиба зиёд шуд, ки ин ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон дар ин давра ду агрегати нави НБО –и «Роғун» ба истифода дода шуда, зиёда аз 2000 мегават иқтидорҳои нав ба кор андохти шуд.
Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро дар татбиқи ислоҳоти минбаъда ва зиёд кардани кумаку дастгириҳои худ барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад
Дар Ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон фурудгоҳи маҳаллӣ сохта мешавад
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад






