Дар Душанбе Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан баргузор мешавад

Июнь 29, 2023 09:47

ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  Фестивали  яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан  доир мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2023 ба тавсиб расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ҳайати Комиссия, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали мазкур дар пойтахт тасдиқ гардид.

Барои баргузор намудани Фестивали мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағ  ҷудо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки  тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» шанбе якуми моҳи июл дар Тоҷикистон Фестивали  яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан, инчунин Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ доир мегардад.

АКС: манбаъҳои боз

Июнь 29, 2023 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад