Дар Хоруғ ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Июнь 25, 2023 14:38

ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур.

Ҳайати Шӯро бо раванди таълиму тарбия ва   дастовардҳои илмӣ-таҳқиқоти ва шароити моддӣ-техникии донишгоҳ шинос шуданд.

Аз ҷониби аъзои Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳ компютерҳои насли нав, проэктор, экран ва телевизорҳои калонҳаҷм тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев маҳсули даврони соҳибистиқлолӣ буда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт ва барои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат кадрҳои баландихтисосу касбӣ омода менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми доимоамалкунандаи машваратии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Июнь 25, 2023 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид