Дар Махачқалъа дурнамои робитаҳои тиҷоратию иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои робитаҳои тиҷоратию иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистон 30 май дар шаҳри Махачқалъа зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон Сергей Меликов баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Зимни суҳбат оид ба вазъи кунунии ҳамкории минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистон, инчунин дурнамои робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор анҷом дода шуд.
Мусоҳибон ҳамзамон ҳамкориро дар бахшҳои иқтисод, маорифу илм, муҳоҷирати меҳнатӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкорӣ ва кишоварзон ба табодули таҷриба оид ба масъалаҳои кишоварзӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, бахусус сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Роҳбари Намояндагии дипломатӣ оид ба имконияти сармоягузории Тоҷикистон муфассал маълумот дода, Сергей Меликов ва соҳибкорони Ҷумҳурии Доғистонро барои боздид аз Тоҷикистон, инчунин иштирок дар Намоишгоҳи IX байналмилалии савдои «Суғд-2023» даъват намуд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Доғистон Бадрутдин Магомедов мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистон, аз ҷумла иштироки доираҳои соҳибкорӣ дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Намоишгоҳи IX байналмилалии савдои «Суғд-2023» баррасӣ шуд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо таъкид ба аҳаммияти тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот ҳавасмандиро ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия таъкид намуда, доираҳои тиҷоратиро ба ҳамкории фаъолона даъват кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






