Дар Рашт муассисаи томактабӣ барои 50 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
РАШТ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт муассисаи томактабӣ барои 50 кӯдак ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Бинои кӯдакистон дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони сармоягузор бунёд гардидааст, ки дар он барои хурдсолон тамоми шароити замонавии таълимиву маишӣ муҳайё карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, бахшида ба ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмону навсозии 275 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ 24 иншоот, аз қабили бинои иловагии муассисаи таълимии №49 дар деҳаи Хуфак, ҳавзи моҳипарварӣ, марказҳои хизматрасонӣ, хатҳои оби нӯшокӣ дар деҳот, мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, фермаи мурғпарварӣ ва дигар иншооти гуногун дар деҳаи Бунии Суфиён ба истифода дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






