ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Боғи ба номи Мироненкои ноҳияи Синои пойтахт
ДУШАНБЕ, 16.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мояи фараҳмандист, ки ҳар шом сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ба сайру гашт баромада, бо аҳли оилаҳояшон истироҳату фароғат менамоянд.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сокинони шаҳр иброз доштанд, ифтихорманд ва сипосгузоранд, ки дар фазои сулҳу амният умр ба сар мебаранд ва аз тамошои манзараҳои зебои гулпўши пойтахт баҳра мебардоранд. Онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани чунин шароити созгор сипос баён намуданд.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз боғи истироҳатии ба номи А.Мироненкои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе далели гуфтаҳои боло мебошад.
Тоҳирҷони САИД,
АМИТ «Ховар