Филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Русия соҳиби ду ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Филми «Дов»-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Федератсияи Русия соҳиби ду ҷоизаи навбатӣ- «Таваҷҷуҳи тамошобин» ва «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» гардид. Дар ин хусус коргардони филми мазкур Муҳиддини Музаффар ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ин филм дили тамошобинони ин ҷашнвораро тасхир кард ва санъати баланди ҳунармандони касбии кинои тоҷик, аз ҷумла Абдумӯмин Шарифӣ, Салоҳиддин Шукуров, Исфандиёр Ғуломов, Фируза Раҳмонова, Мавлона Наҷмидинова, Аҳмади Қутбиддин, Аъзами Розиқ, Хушрӯзҷон Эргашев ва дигарон дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Бояд гуфт, ки филмноманавис Бахтиёр Каримов буда, он дар Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия шудааст.
Ин филм соли 2022 дар якчанд намоиши байналмилалӣ низ иштирок намуда буд. Инчунин дар аввалин Синамоҷоизаи миллии Тоҷикистон иштирок карда, соҳиби ду ҷоиза- «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона» гардид.
АКС аз Муҳиддини Музаффар








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






