Филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Русия соҳиби ду ҷоиза гардид

Июнь 4, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 04.06.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Филми «Дов»-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Федератсияи Русия  соҳиби ду ҷоизаи навбатӣ- «Таваҷҷуҳи тамошобин» ва «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» гардид.  Дар ин хусус коргардони филми мазкур Муҳиддини Музаффар ба АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Ба иттилои ӯ,  ин филм дили тамошобинони ин ҷашнвораро тасхир кард ва санъати баланди ҳунармандони касбии кинои тоҷик, аз ҷумла  Абдумӯмин Шарифӣ, Салоҳиддин Шукуров, Исфандиёр Ғуломов, Фируза Раҳмонова, Мавлона Наҷмидинова, Аҳмади Қутбиддин, Аъзами Розиқ, Хушрӯзҷон Эргашев ва дигарон дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки филмноманавис Бахтиёр Каримов буда, он дар Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия шудааст.

Ин филм  соли 2022 дар якчанд намоиши байналмилалӣ низ иштирок намуда буд. Инчунин дар аввалин Синамоҷоизаи миллии Тоҷикистон иштирок карда, соҳиби ду ҷоиза- «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона» гардид.

АКС аз Муҳиддини Музаффар

Июнь 4, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст