ФУТБОЛ. Дастаи «Душанбе-2» ғолиби Мусобиқаи анъанавии кӯдакона ба хотираи Геннадий Черевченко шуд

Июнь 25, 2023 15:46

ДУШАНБЕ, 25.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Душанбе-2» оид ба футбол дар Мусобиқаи анъанавии кӯдакона бахшида ба хотираи ҳимоятгари дастони «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко ғолиб омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа, ки тӯли ду рӯз дар қароргоҳи дастаи футболи «Истиқлол»,  воқеъ дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, ҳашт даста иштирок намуданд.

Дастаи «Душанбе-2», ки дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Душанбе-1» бо ҳисоби 1:0 пирӯз омад, ғолиби мусобиқа гардид. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм футболбозони навраси шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:0 дастаи шаҳри Бохтарро мағлуб намуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ собиқадорони футболи тоҷик, меҳмонони фахрӣ, ҳайати мураббиёни дастаи  футболи «Истиқлол», бозингарони тими миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Кумитаи тадорукоти мусобиқа ҳамчунин беҳтарин бозингаронро қадрдонӣ намуд. Абӯбакр Содиров («Душанбе-1») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар насиби Фаромарз Сафаров («Душанбе-2») гардид. Нуриддин Хусравзода (Душанбе-1) беҳтарин нимҳимоятгар эътироф шуд. Ҷоизаи нишонзани беҳтарин насиби Илёс Исомуддинов (Хатлон) гардид. Ҳикматулло Қудратуллозода (Душанбе-2) беҳтарин бозигари мусобиқа эълон шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 25, 2023 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд