ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 июн дар рӯзи аввали мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали биринҷӣ ва Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали тилло ба даст оварданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони ҷойи аввал соҳиби 3000 евро, ҷойи дуюм 2000 евро ва ҷойи сеюм 1000 евро шуданд.
Бояд гуфт, ки Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 низ буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова карда мешавад. Барои ҷойи 1 — 700 хол, ҷойи 2 — 490, ҷойҳои 3 — 350, ҷойи 5 — 252 хол ва ғайра дода мешавад.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа:
Мардон
-60 кг
1. Рамазон Абдуллоев (варзишгари фардии бетараф),
2. Туран Байрамов (Озарбойҷон),
3. Лука Мхеидзе (Фаронса),
3. Меҳрзод Суфиев (ТОҶИКИСТОН)
-66 кг
1. Обид Ҷебов (ТОҶИКИСТОН)
2. Мурод Чопанов (варзишгари фардии бетараф),
3. Яшар Наджафов (Озарбойҷон),
3. Сунггат Жубаткан (Қазоқистон).
Занон
-48 кг
1. Маруси Стангар (Словения),
2. Сабина Гилязова (варзишгари фардии бетараф),
3. Нарантсэтсэг Ганбаатар (Муғулистон),
3. Андреа Стоядинова (Сербия).
-52 кг
1. Алеся Кузнецова (варзишгари фардии бетараф),
2. Гултай Маммадалиева (Озарбойҷон),
3. Бишрелтиин Хорлодой (Аморати Муттаҳидаи Араб),
3. Жу Янгинг (Чин).
— 57 кг
1. Шукурҷон Аминова (Узбекистон),
2. Капанни Диас Тауани Дэвид (Италия),
3. Вероника Тониоло (Италия),
3. Сай Си (Чин).
Бояд таъкид намуд, ки ин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо дар Тоҷикистон бори аввал баргузор мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






