ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд

Июнь 4, 2023 19:27

ДУШАНБЕ, 04.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 июн, дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Дар рӯзи охир ҷудочиёни Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90) медали тилло ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали  нуқра ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони ҷойи аввал соҳиби 3000 евро, ҷойи дуюм 2000 евро ва ҷойи сеюм 1000 евро шуданд.

Бояд гуфт, ки Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 низ буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова карда мешавад. Барои ҷойи 1 — 700 хол, ҷойи 2 — 490, ҷойи 3 — 350, ҷойи 5 — 252 хол ва ғайра дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа:

Занон

-78 кг

1. Олек Анна Монта (Олмон)
2. Анна-Мария Вагнер (Олмон)
3. Ҷордҷа Стангерлин (Италия)
3. Александро Бабинтсева (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

+78 кг 

1. Нунес Рошел (Португалия)
2. Самира Буизгарн (Олмон)
3. Адиясурен Амарсайхан (Муғулистон)
3. Даря Владимирова (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

Мардон

-90 кг

1. Комроншоҳ Устопириён (ТОҶИКИСТОН)
2. Элдор Аллахвердиев (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
3. Дэвид Кламмерт (Чехия)
3. Элжан Ҳоҷиев (Озарбайҷон)

-100 кг 

1. Матвей Каниковский (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
2. Ниёз Билалов (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
3. Златко Кумрич (Хорватия)
3. Батхуяг Гончигсурен (Муғулистон)

+100

1. Тамерлан Башаев (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
2. Темур Раҳимов (ТОҶИКИСТОН)
3. Ерасил Кажибоев (Қазоқистон)
3. Магомедомар Магомедомаров (АМА)

Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи Гран-прии Душанбе — 2023 мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварданд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2023 19:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад