Хонандаи тоҷик соҳиби ҷоизаи озмуни «Беҳтарин олими ҷавон-2023» гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ёсуман Розиқова дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби ҷоизаи озмуни «Беҳтарин олими ҷавон-2023» гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба муассисаи таълимии мазкур.
Озмуни «Беҳтарин олими ҷавон-2023» байни донишҷӯёни муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Русия доир гардид.
Дар озмун хонандаи синфи 11-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ёсуман Розиқова иштирок намуда, дар асоси хулосаи комиссияи озмун дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ ғолиб гардид ва соҳиби дипломи дараҷаи 1 ва нишони сарисинагии «Беҳтарин олими ҷавон-2023» шуд.
АКС: Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






