Иҷозатномаи оператори низоми пардохтии «Атласпэй» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бозхонд гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтии «Атласпэй», бинобар сабаби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд гардидани иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Тамвил» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, бозхонд ва амали он қатъ карда шуд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тасмим дар асоси дархости ҷамъияти мазкур ва мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гирифта шудааст.
Дар асоси ин қарор идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад






