Имрӯз дар Душанбе ҳарорат ба 36 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар пойтахти мамлакат рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19, рӯзона 32+37 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






