Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 44 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, шиддатёбии вазиши шамол аз самти шарқ дар ноҳияҳои алоҳида то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 41-44 дараҷа мерасад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 4+9 дараҷа ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ асосан бебориш дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 37+42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27, рӯзона 37+42 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






