«КӮДАКОН ВА НАВРАСОН-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар 13 кӯдакистони шаҳри Турсунзода барномаҳои идона доир шуд
ТУРСУНЗОДА, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар 13 ширхоргоҳ-кӯдакистони шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки 1950 кӯдак таҳти унвони «Кӯдакон ва наврасон-сарвати бебаҳои миллат» барномаи идона баргузор гардид. Дар барномаҳои идона баҳри кӯдакону наврасон маҳфилҳои «Сайри маънӣ», «Гулбазми навқаламон», бозиҳои варзишиву намоиши маҳсули меҳнати дастии тарбиятгирандагони фаъол ва ҳамчунин барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо ташкил шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар ин барномаҳо иброз гардид, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар падару модар мебошанд. Хушбахтона, ин ид моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем.
Тибқи иттилои мутахассиси кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Мунаввара Ҷобирова, дар шаҳри Турсунзода 13 ширхоргоҳ-кӯдакистон бо фарогирии 1950 кӯдак ва дар назди 88 муассисаи таълимӣ 124 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 2347 кӯдак фаъолият дорад. Дар ҳамаи кӯдакистонҳо беҳтарин шароити маишию таълимӣ муҳайё буда, кӯдакон бо беҳтарин барномаҳои таълимию тарбиявӣ ва забономӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Ба хотири ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар шаҳри Турсунзода то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 7 кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода мешавад.
Мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 14-и ҶСК “Насли наврас” дар шаҳри Турсунзода Насиба Шерова иброз дошт, ки «гурӯҳи кӯдаконе, ки ман тарбия мекунам, бо беҳтарин шароит таъмин буда, онҳо ба омӯзиши забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ машғул мебошанд. Ҳуқуқи онҳо ҳамеша ҳимоя мешавад ва кӯдакон аз ҳамаи намуди хизматрасонӣ бархурдор ҳастанд. Тарбиятгирандагони кӯдакистони мо хушбахт аз он мебошанд, ки ҳамеша дар чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, бо донистани забонҳои гуногун ҳунари хешро нишон медиҳанд».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






