Мавсими нави Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими нави Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал оғоз шуд. Имсол барои медалҳо шаш даста мубориза мебарад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсия футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чемпионат чаҳор дастаи пойтахт – «Соро компания», «Истиқлол», «Амонатбонк» ва «Пойтахт», инчунин «Истаравшан» ва «Самандар»-и Турсунзода иштирок менамоянд.
Дар марҳилаи якуми чемпионат бозиҳо дар се давра гузаронида мешаванд. Сипас чаҳор дастаи беҳтарин ба плей-офф роҳ меёбад ва онҷо ҷуфтҳои даври ниманиҳоиро созмон медиҳад.
Бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ аз силсилаи то ду пирӯзии яке аз дастаҳо иборат хоҳанд буд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд, дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Рақобатҳо барои гирифтани ҷойи сеюм аз силсилаи то ду пирӯзӣ ва бозии ниҳоӣ аз силсилаи то се пирӯзии яке аз дастаҳо иборат мебошанд.
Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал
Даври 1
«Пойтахт» – «Соро компания» – 1:8
«Истиқлол» – «Амонатбонк» – 2:1
«Истаравшан» – «Самандар» – 6:4
Даври 2
«Соро компания» – «Истиқлол» – 1:1
«Истаравшан» – «Пойтахт» – 5:5
«Самандар» – «Амонатбонк» – 2:3
Дар даври 3-юм вомехӯранд:
24 июн (шанбе)
17:00 – «Истиқлол» – «Самандар». Душанбе, маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»
18:00 – «Истаравшан» – «Соро компания». Истаравшан, маҷмааи варзишии «Далерон»
25 июн (якшанбе)
18:00 – «Амонатбонк» – «Пойтахт». Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






