«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро дар тамоми мамлакат муосир мегардонад

Июнь 21, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба муосиркунонии шабака дар тамоми ҳудуди мамлакат шуруъ карданд. Роҳандозии PS core-и нав имкон медиҳад, ки қобилияти гузариши таҷҳизот ба андозаи зиёда аз 30% зиёд карда шавад. Ин, бешубҳа, ба сифату дастрасии интернети мобилӣ таъсири мусбат мерасонад.

Оператори имконияти нави рақамӣ ва корҳои навгардонии бомиқёси худро дар панҷ соли охир шуруъ намуд. Навсозии мунтазами инфрасохтори техникӣ – бо назардошти пайваста афзоиш ёфтани интернет-трафики муштариёни ширкат зарур маҳсуб меёбад.

Ба шарофати таҷҳизоти нав зарфияти шабака ба андозаи сеяк васеъ хоҳад шуд. Ин маънои онро дорад, ки акнун теъдоди ҳарчи бештарин муштариён имкон пайдо мекунанд, ки вориди интернет шуда, онро бо суръатҳои баланд истифода баранд.

Боз як сабаби муҳимми навкунии шабака – зарурати модернизатсияи минбаъдаи PS core мебошад. Истеҳсолкунандагон бо гузашти вақт дастгирии таҷҳизоти чанд сол қабл баровардашударо қатъ мекунанд. Бо ҳамин сабаб истифодаи блокҳои намунаи зарурӣ барои вусъати қобилияти гузариши шабака ё платаҳои эҳтиётӣ ғайриимкон мегардад. Таҷҳизоти модификатсияи нав нисбатан калонҳаҷм ва боэътимод мебошад, минбаъд модернизатсияи онро метавон бе мушкилӣ ба амал баровард.

Ба PS core-и нав ҳамаи муштариёни оператор дар Тоҷикистон мегузаранд. Ин кор тадриҷан ба амал меояд, то ки боиси нороҳатии истифодабарандагони интернет нашавад. Барои гузаронидани корҳо соати сарбории камтарин интихоб мегардад – корҳои мазкур дар вақти шабона, вақте теъдоди муштариёни шабака аз ҳама кам аст, анҷом дода мешавад. Танҳо дар ҳамин вақт хизматрасонии таҳвили маълумот метавонад муваққатан дастнорас шавад, лекин ин ҳамчуноне, ки интиқоли об ҳангоми ивази қубурҳо қатъ карда мешавад, зарурати технологист.

«Роҳандозии PS core на танҳо ба афзоиши теъдод ва фаъолнокии муштариёни рақамӣ вобастагӣ дорад. Он имкон медиҳад, ки дар самти рушди хизматрасониҳои пешрафтаи рақамӣ қадами бузург гузошта шавад. Ивази ҷузъи асосии шабака ба дастрасии интернет дар тамоми соҳаҳо ва тамоми ҳудуди мамлакат таъсири мусбат хоҳад расонид», — мегӯяд директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.

АКС: Ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 21, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад