Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ шинос шуд

Июнь 24, 2023 08:18

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи  Ваҳдати миллӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазъи таълиму тарбия ва базаи моддӣ-техникии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Гурӯҳи корӣ бо вазъи фаъолияти устодон, тайёр намудани устодони соҳибунвон аз ҳисоби ҷавонон, корҳои тарбиявӣ, пойгоҳи моддию техникӣ ва рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар донишгоҳ шинос гардид.

Ҳангоми шиносоӣ суҳбати озод бо устодон доир гардида, тазаккур дода шуд, ки баланд бардоштани сифати таълим, корҳои илмӣ ва тарбиявӣ, инчунин ободкорию созандагӣ аз вазифаҳои асосии ҳар фард ба ҳисоб меравад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Июнь 24, 2023 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд