НАХУСТИН ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА «ГӮШТИНГИРӢ». Маросими ифтитоҳи он дар Душанбе баргузор гардид

Июнь 27, 2023 14:34

ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе  маросими ифтитоҳи расмии нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор гардид. Дар маросими  мазкур муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони мақомоти давлатӣ, меҳмонон, варзишгарон ва мухлисони сершумор иштирок намуданд,  хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Чемпионати мазкур беш аз 100 варзишгар аз 28  давлати ҷаҳон иштирок намуда, Фонди умумии ҷоизаҳо 80 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибон ва ҷоизадорони нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» бегоҳии ҳамин рӯз муаяйн мегарданд.

Дар маросими кушодашавии нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хусусияти баналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бозиҳои варзишӣ, муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дастуру супориш дода буданд. Натиҷаи ҳамин тадбирҳои андешидашуда аст, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

 

Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 27, 2023 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд