НАХУСТИН ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА «ГӮШТИНГИРӢ». Маросими ифтитоҳи он дар Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор гардид. Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони мақомоти давлатӣ, меҳмонон, варзишгарон ва мухлисони сершумор иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Чемпионати мазкур беш аз 100 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон иштирок намуда, Фонди умумии ҷоизаҳо 80 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибон ва ҷоизадорони нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» бегоҳии ҳамин рӯз муаяйн мегарданд.
Дар маросими кушодашавии нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хусусияти баналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бозиҳои варзишӣ, муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дастуру супориш дода буданд. Натиҷаи ҳамин тадбирҳои андешидашуда аст, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»











































Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






