«НАСЛИ ХУШБАХТИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ». Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои кӯдакон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир намуд

Июнь 1, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Насли хушбахти замони Истиқлол» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҳамоиш роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон», «Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе», хона-интернати №1 ва ширхоргоҳ-кӯдакистони№1-и шаӽри Душанбе иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода гуфт, ки “ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалияти асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат буда, иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидааст. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони мамлакат сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад”.

Баҳри фароғати фарҳангии кӯдакон навозиши созҳои мусиқии зарбӣ-нафасии ҳунармандони «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» садо дод.

Дар идомаи чорабинӣ тарбиятгирандагони ширхоргоҳ-кӯдакистони №1-и шаӽри Душанбе, ҳунармандони Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» рақсу суруд ва навозиши созҳои мусиқиро иҷро намуданд. Намоиши идонаи ҳунармандони МД «Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе» хотири кӯдаконро боз ҳам болида намуд.

Дар хотимаи қисмати тантанавии ҳамоиш ба иштирокчиёни фаъол «Сипоснома»-и Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин баҳри болидагии табъи кӯдакон барномаҳои «Чеӽранигор» – арт-фейс, нақшу нигори гулҳо дар дастон – «Ҳино», намоиши одамони ибтидоӣ (асри санг) ва қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ баргузор гардид.

Ба воситаи баргузор намудани сайрҳои осорхонавӣ таълимгирандагони ятимхона-интернати №1-и шаҳри Душанбе бо осори таърихӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат шинос гардиданд.

Дар интиҳо барои таълимгирандагони ятимихона-интернати№1-и шаӽри Душанбе хӯроки нисфирӯзӣ пешниҳод гардида, бо ҳамин кӯдакон дар ин макони ҳифзи осори таърихӣ фароғати фарҳангӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати кӯдакон мебошад. Зеро кӯдакон муҳимтарин сарват ва ояндаи неки имрӯзу фардои миллат буда, ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар шахс, ҷомеа ва давлат мебошад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 1, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд