Ғолибони даври минтақавии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2023» барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 июн даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2023» барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷамъбаст гардид.
Тавре дар донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷойи якумро мураббии муассисаи таълимии томактабии №8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова соҳиб шуда, ҷойи дуюмро мураббии кўдакистони №9-и шаҳри Ваҳдат Мафтуна Гулова ба даст оварда, ҷойи сеюмро мураббии муассисаи таълимии томактабии ноҳияи Варзоб Суҳайло Абудллозода сазовор гашт.
Дар рафти озмун, ки 22 июн оғоз шуда буд, довталабон аз маҳорату малакаи дар раванди фаъолияти хеш андӯхтаашон маърӯза ва видеороликҳо таҳия намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати ҳакамон саволу супоришҳои мушаххас ба довталабон дода шуд, то аз маҳорату дониши онҳо дар ин самт огаҳӣ пайдо намоянд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур дарёфт намудани мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами онҳо дар муассисаҳои томактабӣ мебошад.
Ҳамасола се даври Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» доир гардида, даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мешавад.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






