Ғолибони мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Дар байни кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва ташкилоту муассисаҳо дар категорияи аз 22-сола боло дастаи Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовари ҷойи якум гардида, дастаи Ҷамъияти саҳомии кушодаии «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ба гирифтани ҷойи дуюм ва дастаи Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и пойтахт ба ҷойи сеюм ноил шуданд.
Дастаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар категорияи аз 22-сола боло соҳиби ҷойи якум, дастаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гашта, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» ҷойи сеюмро ба даст овард.
Инчунин дар байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар категорияи аз 45-сола боло дастаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» сазовари ҷойи якум, дастаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абубакр» ба гирифтани ҷойи дуюм ва дастаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лазиз» ба ҷойи сеюм ноил гардиданд.


Ғолибони ҷойи якум бо Ҷом, медал, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 17 000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо медал, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 15 300 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 13 600 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 95 даста бо фарогирии 1425 нафар кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






