ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ АРАБ-2023. Футзалбозони тоҷик аввалин бозии худро бо дастаи мунтахаби Либия баргузор намуданд

Июнь 7, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Либия бозӣ кард, ки он дар Арабистони Саудӣ доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 2 ба нафъи дастаи мунтахаби Либия анҷом ёфт. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ягона голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба нишон расонид. Дар вохӯрии дигари гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Алҷазоир мусовӣ — 4:4 бозӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» баромад мекунад. Рақибони тими миллии мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаҳои Либия, Арабистони Саудӣ ва Алҷазоир мебошанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 рӯзи панҷшанбе, 8 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Арабистони Саудӣ вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳии мусобиқот ду даста аз се гурӯҳ, инчунин ду дастаи беҳтарин аз миёни онҳое, ки ҷойҳои сеюмро ишғол мекунанд, ба даври плей-офф роҳ меёбанд.

Қобили тазаккур аст, ки Ҷоми миллатҳои Араб-2023, аз 6 то 16 июни соли равон дар шаҳри Ҷидда баргузор мешавад, дар он дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Либия ва Алҷазоир бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Марокаш, Комор, Кувайт ва Лубнон иштирок менамоянд. Дар гурӯҳи «С» дастаҳои мунтахаби Миср, Мавритания, Фаластин ва Ироқ байни ҳам мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем,ки бар асоси натиҷаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври плей-офф роҳ ёфта, ҷуфтҳои даври чаҳорякниҳоиро ташкил мекунанд.

Ҷоми миллатҳои Араб-2023

Гурӯҳи «А». 

Даври 1

Либия — Тоҷикистон — 2:1

Голи Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров.

Арабистони Саудӣ — Алҷазоир — 4:4

Даври 2

8 июн (панҷшанбе)

Оғоз — соати 21:00 ба вақти Душанбе

Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ

Даври 3

10 июн (шанбе)

Оғоз — соати 21:00 ба вақти Душанбе

Тоҷикистон – Алҷазоир

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 7, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд