ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозӣ менамояд

Июнь 16, 2023 13:51

ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 июн дар Тайланд бозиҳои даври якуми Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳҳои «В» ва «С» баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки шомили гурӯҳи «С» аст, бозии якуми худро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо ҳамсолони худ аз Чин анҷом медиҳад. Ин рақобат дар варзишгоҳи «Чонбури» баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон (U-17)

Гурӯҳи «С». Даври 1

6 июн (ҷумъа)

Оғоз – соати 19:00 ба вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОН – Чин

Чонбури, Тайланд, Варзишгоҳи «Чонбури»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 16, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид