Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ таъсис меёбад

Июнь 6, 2023 15:59

ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 июн муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар Конфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони «Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ» иштирок карда, дар ҳошияи ҷаласаи аввал  сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва коршиносони ниҳодҳои илмӣ ва таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ сухан  гуфтанд.

Иштирокчиён дар суханрониҳои худ баррасии масоили муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи формати «Чин + Осиёи Марказӣ» мавриди таҳлил қарор дода, формати мазкурро барои рушди минбаъдаи минтақа муҳим арзёбӣ карданд.

Давлатҳои иштирокчӣ ташаббуси Чин дар бораи таъсиси Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказиро ҷонибдорӣ намуда, оид ба эълони ташаббуси муштараки таъсиси Паймони мазкур қарор қабул намуданд.

Ҷонибҳо бо назрадошти омӯзиши таҳдиду хатарҳо, масоили рушди устувори минтақа ва дигар омилҳо, таъсиси Паймони марказҳои зеҳнии Чин +Осиёи Марказиро барои шарикии стратегии ҳамаҷониба ва рушди устувори кишварҳои иштирокчӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти тадқиқоти Роҳи Абрешими Донишгоҳи Шимолу Ғарбии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ доир гардид.

АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 6, 2023 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд